Суроғаи ҳуҷраи кории виртуалӣ ба ширкати шумо ҳузури воқеиро дар тамоми ҷаҳон медиҳад, бидуни он ки Шумо шахсан дар он ҷо иштирок кунед. Мо метавонем паёмҳои Шуморо идора карда, онро интиқол диҳем, зангҳои шуморо қабул кунем ва ҳангоми дар шаҳр буданатон ба Шумо барои фармоиши утоқи вохӯрӣ ё ҳуҷрви корӣ, кӯмак расонем.
Эътимод аз тарафи бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ
Ҳолатҳое ҳастанд, ки ба шумо лозим нест, ки ягон офиси воқеиро ишғол кунед, аммо ба ҳар ҳол барои таъмин кардани суроғаи виртуалӣ ҳузури чунин офис лозим аст.Маҳз аз ҳамин ҷиҳат офиси виртуалӣ метавонад кумаки калон расонад ва он имконият медиҳад, ки дар бозори дилхоҳи даруни кишвар ва хориҷӣ бе зарурияти ба иҷора гирифтану нигоҳдошти биноҳои офисӣ тиҷорати худро ба роҳ монед.
Офиси виртуалӣ як қатор бартариҳои аниқ дорад.Аз доштани бизнес-суроғаи бонуфуз дар бланки ширкатӣ то озодона бақайдгирии тиҷорат дар нуқтаи дилхоҳи ҷаҳон.
Офиси виртуалӣ ба ширкати дилхоҳ дар марҳилаи дилхоҳи рушди он метавонад манфиатҳои воқеӣ орад. хоҳ ин ширкати навташкили иборат аз як кас бошад, хоҳ ширкати байналхалқӣ, ки дар саросари ҷаҳон офисҳо дорад.
Мо як қатор бастаҳои хизматрасонии офиси виртуалиро пешкаш мекунем, ки ба ширкати шумо аз рӯйи стандарт имконият медиҳанд, ки ба имтиёзҳои гуногун дастрасӣ пайдо кунанд.Ба онҳо инҳо дохил мешаванд:
Шумо касе, ки набошед ва дар куҷое, ки қарор надошта бошед, суроғаи виртуалӣ ба шумо метавонад манфиатҳои воқеӣ орад.Агар ба шумо барои кор бизнес-суроға лозим бошад, мо зиёда аз 3000 суроға дорем, ки шумо аз байнашон интихоб карда метавонед.
Агар аз офиси виртуалӣ ба шумо танҳо дастрасӣ ба рақами телефони маҳаллӣ ва оператори касбии коркарди зангҳо лозим аст, мо метавонем ба шумо кумак расонем.Мо аз номи ширкати шумо ҷавоб медиҳем, зангро ба дигар суроға интиқол медиҳем ё агар шумо банд бошед, паём қабул мекунем.
Ширкати шумо дар куҷое, ки амал накунад, мо тайёрем ҳалли масъалаи ташкили офиси виртуалиро дар ҳазорон шаҳрҳои дунё пешкаш кунем.Шумо метавонед якчанд суроғаҳои виртуалиро интихоб кунед ва онҳоро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳед.
Бо шабакаи маҳаллӣ ва маҳаллии мо, ки зиёда аз 3000 ҳуҷраҳои кориро дар бар мегирад, шинос шавед, то ҷоеро ёбед, ки он ҷо тиҷорати худро чун дар ватанатон пеш бурда метавонед.